Январ 26, 2020 10:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурбониёни вируси тоҷдор дар Чин ба 54 нафар

Мақомҳои Чин рӯзи якшанбе дар тозатарин гузориши худ эълом карданд, шумори қурбониёни вируси тоҷдор ё коронавирус ба 54 нафар ва теъдоди мубталоёни он ба беш аз ҳазору 610 тан расидааст.

Ба нақл аз ИРНО, ин омор пас аз он мунташир шуд, ки мақомҳои вилояти Хубей аз 13 қурбонии нави ин вирус ва ибтилои 323 нафари дигар ба он хабар доданд.

Омор нишон медиҳад, ки 29 вилоят ва минтақаи Чин ба ин вирус олуда шудаанд ва шаҳри Вуҳани Чин муҳимтарин марказест, ки вируси тоҷдор ба шиддат дар он ҷо густариш ёфта ва мақомҳои ин кишвар, ҷамъияте ҳудуди 54 миллион нафарро дар қарантин қарор додаанд.

Оморе, ки шанбе мунташир шуд, нишон медод, ки ҳазору 279 нафар ба ин вируси мармуз мубтало шуда ва 41 нафар низ ҷонашонро аз даст додаанд.

Бархе кишварҳо аз ҷумла Фаронса, Малайзия, Жопон ва Австралия ибтилои ашхосе ба коронавирус эълом кардаанд ва Канада низ тозатарин кишваре аст, ки аз ибтилои як нафар ба коронавирус хабар додааст.

Барчасп