Чин тӯли ду ҳафта ду бемористони бузург месозад
Чин барои муқобила бо коронавирус ё вируси тоҷдор ду бемористони бузургро дар муддати 10 то 15 рӯз месозад.
Ба нақл аз ИРНО, дар ҳоел, ки Чин саргарми сохти як бемористони дорои ҳазор тахти хоби фаврӣ тӯли 10 рӯз дар шаҳри Вуҳан маркази шуюи коронавирус аст, мақомоти ин шаҳр эълом карданд қарор аст як бемористони дигарро бо зарфияти 1300 тахт дар 15 рӯзи оянда бино кунанд.
Бемористони нав бо номи бемористони Лишен Шан дуввумин бемористони ин шаҳр хоҳад буд, ки беморони олуда ба коронавирусро пазириш мекунад.
Давлати маҳаллии Вуҳан охирҳои ҳафтаи гузашта эълом кард, як бемористони дорои ҳазор тахти хоб бо масоҳати 25 ҳазор метри мураббаъ дар муддати 10 рӯз месозад, ки ин бемористон қарор аст ҳафтаи оянда ба баҳраварӣ бирасад.
Сохти фаврии ин ду бемористон дар шароитест, ки ин кишвар дар таътилоти солинавии чинӣ ба сар мебарад; бо ин ҳол қарор аст бидуни таваҷҷуҳ ба таътилот, Чин аз тамоми имконоташ барои сохти ин ду бемористон истифода кунад.
Оморҳо нишон медиҳад, ки 29 вилоят ва минтақаи Чин ба ин вирус олуда шудаанд.
Дар солҳои 2002 ва 2003 низ ба дунболи шуюи густардаи бемории маргбори сарс дар Чин, ки ҷони даҳҳо нафарро гирифт, як бемористон барои дармони мубталоён дар шаҳри Пекин дар муддати 6 рӯз ва ҳафт шаб ба дасти нерӯҳои артиши Чин сохта шуд.
Баъд аз сохти ин бемористон 680 нафар аз мубталоёни сарс ба суръат дар он бистарӣ шуданд, ки фақат 8 нафари онҳо ҷонашонро аз даст доданд.