Январ 28, 2020 10:01 Asia/Dushanbe
  • Чин дуввумин тавлидкунандаи таслиҳоти ҷаҳон

Чин дуввумин тавлидкунандаи таслиҳоти ҷаҳон шуд.

Муассисаи байналмиллалии таҳқиқоти сулҳи Стокголми Шветсия гузориши солиёнаи худро эълом кард, ки дар он се кишвари Амрико, Чин ва Русия ба тарбияти бузургтарин тавлидкунандагони таслиҳот дар ҷаҳон ҳастанд.

Ба нақл аз Форс, дар ин гузориш омадааст, Амрико бо фуруши 226.6 доллар дар садри фурушандагони силоҳ дар ҷаҳон аст, ки пас аз он бо фосилаи зиёди Чин бо фуруши байни 70 то 80 миллиард доллар дар ҷойгоҳи дуввум қарор дорад ва Русия низ бо ҳудуди 37.7 миллиард доллар ҷойгоҳи севвуми фуруши таслиҳот дар ҷаҳонро аз они худ кардааст.

Муассисаи байналмиллалии таҳқиқоти сулҳи Стокголми Шветсия дар гузориши худ овардааст: Такияи Чин ба воридоти таслиҳоти технологии низомии хориҷӣ дар ҳоли коҳиш буда ва саноати ин кишвар ба ҷое расида, ки бо дархости физояндае барои тавлиди таслиҳоти ин кишвар рӯ ба рӯ аст.