Кашфи тӯлонитарин тунели қочоқи маводи мухаддир дар марзи Амрико ва Мексика
(last modified 2020-01-30T13:59:34+00:00 )
Январ 30, 2020 18:59 Asia/Dushanbe
  • Кашфи тӯлонитарин тунели қочоқи маводи мухаддир дар марзи Амрико ва Мексика

Давлати Амрико аз кашфи тӯлонитарин тунели қочоқи маводи мухаддир дар марзи ин кишвар бо Мексика хабар дод.

Ба гузориши “СНН", идораи гумрук ва ҳифозати марзии Амрико эълом кард, ин тунел дар умқи 21 метрии замин ҳафр шуда ва дорои як хатти оҳан, барқ, осонсур(лифт) ва системаи таҳвияи ҳаво аст.

Ин тунел ба арзи 61 сантиметр ва тӯли як ҳазору 313 метр, Сандиго дар Калифорнияро ба Тихуана дар Мексика муттасил мекунад.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, дар иртибот бо кашфи тунел, ҳеҷ фарде дастгир ва маводи мухаддире низ кашф нашудааст.

Ҷон Калори, маъмури вижаи Идораи мубориза бо маводи мухаддири Амрико дар баёнияе эълом кард, печидагии ин тунел нишон диҳандаи талошҳо ва манобеи молии густурдаи картелҳои маводи мухаддир аст ва картелҳо ҳамчунон аз манобеи худ барои убур аз марзи мо истифода мекунанд.

Ба гузориши СНН, ин тунел дар пайи таҳқиқоти чандсолаи гумрук ва ҳифозати марзии Амрико ва шарикояш кашф шуд.

Дувумин тунели тӯлонии интиқоли маводи мухаддир дар марзи Мексика ва Амрико, соли 2014 дар ҳамин минтақа Сандиго кашф шуд, ки ҳудуди 993 метр тӯл дошт.

 

 

Барчасп