Феврал 01, 2020 18:11 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти интихоботи Афғонистон даргири 300 ҳазор овози ҷанҷолӣ

Муовини сухангӯи Комиссияи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботи Афғонистон эълом кард, ки то охири ин ҳафта сарнавишти интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар бо мушаххас шудани вазъи 300 ҳазор овози мавриди ихтилоф таъин хоҳад шуд.

Ба нақл аз ИРНО, Муҳаммадризо Фаёз рӯзи шанбе дар нишасте матбуотӣ дар Кобул ба расонаҳо гуфт, дастабандии шикоятҳо дар 21 вилоят ба поён расида ва кори дастабандии вилоятҳои дигар низ то 2 рӯзи дигар поён хоҳад ёфт ва бо эъломи тасмими Комиссияи шикоятҳо, сарнавишти натиҷаи интихобот мушаххас хоҳад шуд.

Муовини сухангӯи Комиссияи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботи Афғонистон афзуд, раванди расидагӣ ба шаш ҳазор шикоят, ҳафт рӯз пеш дар Комиссияи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботи Афғонистон оғоз шудааст ва ин комиссия 15 рӯзи корӣ фурсат дорад, то тасмими ниҳоии худро дар ин робита эълом кунанд.

Натиҷаҳои аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон пас аз ҷанд моҳ таъхир як моҳ пеш эълом шуд, ки бар асоси он Муҳаммад Ашрафғанӣ раиси ҷумҳурии кунунӣ бо касби беш аз 50 дарсади овозҳо пештоз буд ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроии давлати ваҳдати миллӣ низ бо ҳудуди 40 дарсад дар радаи дуввум қарор гирифт.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 сентябри 2019 баргузор шуд.

 

Барчасп