Феврал 02, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Шуюи зукоми парандагон дар Чин ҳамзамон бо густариши коронавирус

Вазорати кишоварзии Чин эълом кард, бемории зукоми парандагон (H5N1) дар ҷануби ин кишвар дар ҳоли шуюъ аст.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Вазорати кишоварзии Чин бо ишора ба шуюуи зукоми парандагон дар мазраъаҳое дар шаҳри Шаоян дар вилояти Ҳунан эълом кард, то кунун ҳеҷ мавриде аз ибтилои инсонӣ ба ин беморӣ гузориш нашудааст.

Эъломи хабари шуюуи зукоми парандагон дар Чин дар ҳоле аст, ки ин кишвар аз моҳи гузашта бо мавҷи васиъе аз густариши коронавирус даргир аст, ки то кунун 304 кушта барҷой гузоштааст.

Вазорати кишоварзии Чин дар охирин омори худ гуфтааст, ки то кунун 14 ҳазору 380 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.

Вируси тоҷдор, ки авохири соли гузашта барои нахустин бор дар бозори ғизоҳои дарёӣ дар шаҳри Вуҳани Чин мушоҳида шуда буд илова бар 30 вилояти ин кишвар акнун ба 18 кишвари дигар ҳам сароят кардааст.

 

Барчасп