Феврал 02, 2020 17:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи коронавирус

Бо афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ин робита ҳушдореро барои кишварҳои ҷаҳон содир кард.

Ба гузориши Рейтерз, бо афзоиши шумори қурбониёни коронавирус ба 304 нафар, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи якшанбе ба кишварҳои ҷаҳон ҳушдор дод, ки худро барои муқобила бо паҳншавии вирус дар дохили марзҳояшон омода кунанд.

Комиссияи беҳдошти Чин низ рӯзи якшанбе тасдиқ кард, ки шумори қурбониёни коронавирус дар ин кишвар ба 304 нафар расидааст.

Тамомии қурбониён дар Чин, дар устони Ҳубей, маҳал ва маншаи паҳншавии ин вирус будааанд.

Бар асоси ин гузориш, шумори мубталоён ба коронавирус ба 14000 нафар афзоиш ёфтааст ва бештари ин мубталоён дар Чин ҳастанд.

 

Барчасп