Феврал 02, 2020 19:08 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Маҷмаи тақриби мазҳабҳои исломӣ: Фаластин марзи ҷаҳони ислом аст

Дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ гуфт: Фаластин марзи ҷаҳони ислом буда ва нигаҳбонӣ ва муроқибат аз он вазифаи қуръонии ҳамаи мусалмонон аст.

Ҳамд Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ рӯзи якшанбе бо ишора ба тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии "Муомилаи қарн" афзуд: Раисони Ҷумҳурии Амрико ҳамвора ба саҳюнистҳо хадамоти вижае ироа мекунанд ва аз ин тариқ ба қудрати шайтонии худ идома медиҳанд.

Шаҳриёрӣ таъкид кард: Имрӯз Амрико бо иҷрои тарҳи "Муомилаи қарн" ҳаққи мусаллами фаластиниҳоро ба унвони ибтидоитарин ҳуқуқи инсонӣ зоеъ кард, ки ин нишондиҳандаи ҳамон рӯҳияи ваҳшии амрикоӣ аст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар Кохи Сафед аз тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" рӯнамоӣ кард.

Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, вогузории 30 дарсад аз Каронаи Бохтарӣ ба Исроил, мухолифат бо бозгашти оворагони фаластинӣ ба кишварашон ва халъи силоҳи комили Фаластин, аз муҳимтарин мафоди ин тарҳи нангин аст.

Барчасп