Феврал 03, 2020 19:07 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни коронавирус ба 360 нафар

Телевизиони давлатии Чин гузориш дод, ки теъдоди қурбониёни ношӣ аз ибтило ба коронавирус ба 360 нафар дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши Форс,телевизиони давлатии Чин бо эъломи 56 қурбонии ҷадиди ношӣ аз коронавирус гузориш дод, ки то авоили душанбе шумори кулли ҷон бохтагон ба 360 нафар афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин 2103 нафари дигар низ ба теъдоди мубталоён ба ин вируси мӯҳлик афзуда шудааст, ки дар маҷмӯъ шумори мубталоён ба коронавирус дар устони Ҳубей то дувуми февралро ба 11177 маврид расондааст.

Дар шаҳри Вуҳан, ки маркази устон Ҳубей ва маншаи паҳншавии ин беморӣ аст 41 фавтии ҷадид гузориш шудааст. Дар маҷмӯъ дар ин шаҳр аз замони оғози буҳрон 265 нафар ба далели ибтило ба коронавирус кушта шудаанд.

Устони Ҳубей дар ҳоли ҳозир ба таври комил карантин аст, ҷодаҳои вурудӣ ва хурӯҷӣ баста ва ҳамлу нақли умумӣ таътил аст. Дар дигар нуқоти Чин низ маҳдудиятҳое дар заминаи мусофират ва фаъолиятҳои тиҷорӣ эъмол шудааст.

Таътилоти соли нави чинӣ, ки рӯзи аввали феврал буд, дар устони Ҳубей то 13 феврал тамдид шудааст то ба маҳори ин вирус кумак кунад.

Густариши ин вирус, таътилии корхонаҳо ва муровидоти тиҷорӣ аз яксӯ ва қатъи иртиботи кишварҳои хориҷӣ бо Чин боиси зарбаи бузурге ба иқтисоди Чин шудааст.

 

Барчасп