Феврал 05, 2020 10:16 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Иттиҳодияи Аврупо аз тарҳи амрикоии

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо судури баёнияе эълом кард, ки "Муомилаи қарн" бо меъёрҳо ва тавофуқи байналмилалӣ муғоират дорад.

Ба нақл аз  ИРНА, Джозеф Борл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияе эълом кард, Иттиҳодияи Аврупо ҳокимияти Исроил бар заминҳои ишғолии соли 1967-и мелодиро ба расмият намешиносад.

Борл таъкид кард: Дар мавриди вазъи ниҳоии масоили перомуни "Муомилаи қарн" бояд аз тариқи музокироти мустақим миёни тарафайн тасмимгирӣ шавад.

Иттиҳодияи Аврупо пештар низ мухолифати сареҳи худро дар бораи иқдомоти Исроил барои густариши шаҳраксозӣ дар заминҳои ишғолӣ эълом карда буд.

 

Барчасп