Феврал 05, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Оворагии садҳо ҳазор нафар бар асари ҷангу даргирӣ дар Афғонистон

Вазири умури муҳоҷирони Афғонистон эълом кард, ҳудуди 600 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар дар як соли ахир бар асари ҷангу даргирӣ овора шудаанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сайид Ҳусайн Оламии Балхӣ дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, аз маҷмӯи оворагони ҷангу даргирӣ дар Афғонистон, 95 ҳазор хонавода ба кумак ниёз доранд.

Вазири умури муҳоҷирони Афғонистон афзуд, оворагони афғон маъмулан дар чодарҳо, хонаҳои махруба ва нимакора дар сармои замистон зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Оламии Балхӣ, дар панҷ соли гузашта чаҳор миллион овораи афғон ба кишварашон бозгаштаанд ва чаҳор миллион нафари дигар ҳам аз манотиқи маскунии худ ба далоили мухталиф овора шудаанд, ки бештари онҳо осебпазир ҳастанд.

Ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм дар Афғонистон боиси афзоиши ноамнӣ, ҷанг ва овора шудани шумори зиёде аз мардуми ин кишвар шудааст.

Матолиби муртабит: 

Вазорати дифои Афғонистон: Ҳамлаи ДИИШ ба Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе бо Афғонистон надорад

Тавофуқи Узбакистон ва Амрико барои афзоиши кумак ба Афғонистон

Барчасп