Интиқоди Русия аз иқдоми ҷангталабонаи нави давлати Трамп
Давлати Трамп бо ин ки муддаии таҳдидофаринии қудратҳои ҳастаии рақиб алайҳи Амрико аст, аммо дар ростои Доктринаи ҳастаии нави Амрико, раванди сохт ва истиқрори мушакҳо ва таслиҳоти нави ҳастаӣ барои муқобила бо таҳдидҳои иддаоӣ аз ҷониби Русия ва Чинро суръат бахшидааст.Ин руйкарди Вашингтон паёмадҳои манфӣ барои амнияти ҷаҳонӣ дар бардорад.
Иқдоми нави давлати Трамп барои истиқрори кулоҳакҳои ҳастаии нав дар зердарёиҳои Амрико интиқоди шадиди Русияро муҷиб шудааст. Сергей Риябков муовини вазири умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе 5 феврал аз истиқрори кулоҳакҳои ҳастаии нави камбоздиҳ аз навъи W 2 - 76 дар мушакҳои болстики қоррапаймои мустақар дар зердарёиҳои Амрико ибрози нигаронӣ кард. Риябков гуфт, мо ин мавзӯъро бо нигаронии ҷиддӣ дунбол мекунем на ба ин хотир, ки амнияти Русияро дар хатар мебинем, зеро амнияти кишвари мо дар натиҷаи талошҳои анҷомгирифта аз ҷиҳати ба коргирӣ аз ҷангафзорҳо ва таслиҳоти лозим ва ҳамчунин аз назари тавсеаи сомонаҳои таслиҳотии бисёрпешрафта бо итминон тазмин шудааст. Балки нигаронии аслии мо аз нуқтаи назари доктрина ва мафоҳиме аст, ки амрикоиҳо дар паҳлуҳои ҳастаӣ бар онҳо истинод мекунанд.Мавзӯи бисёр ҳушдоромез ин аст.
Рӯзномаи Wall Street Journal ба тозагӣ дар гузорише аз афзуда шудани кулоҳаке нав ба зарродхонаи ҳастаии Амрико бо ҳадафи ба истилоҳ муқобила бо таҳдидоти Русия хабар дод. Ҳомиёни ин иқдом эълом кардаанд ба чунин силоҳи камбоздиҳе ба унвони як боздоранда дар баробари таслиҳоти ҳастаии Русия бидуни истиқрори таслиҳоти ҳастаии роҳбурдии қудратмандтари Амркио ниёз аст. Бо ин ҳол ин иқдом мухолифони ҷиддӣ дар даруни сохтори ҳокимиятии Амрико дорад. Адам Шифф раиси Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагон дар суханоне гуфт, истқрори ин кулоҳак як иқдоми гумроҳкунанда ва хатарнок ба ҳисоб меояд.
Вазорати дифои Амрико (Пентагон) борҳо Русияро чолиши бузурги ҳастаии Амрико эълом кардааст. Ҷон Руд муовини вазири дифои Амрико дар умури сиёсатгузорӣ дар июли 2019 гуфт, Русия дар ҳоли тақвияти тавонмандиҳои ҳастаии техникии худ аст ва ин дар ҳолест, ки мо даҳҳо сол аст як силоҳи ҳастаии нав тавлид накардаем. Иддаои ин мақоми баландпояи Пентагон комилан бо воқеият дар зид аст.
Давлати Трамп дар чорчуби Доктринаи ҳастаии нави Амрико мавсум ба бозбинии вазъияти ҳастаӣ "The Nuclear Posture Review", ки дар феврали 2018 мунташир шуд, руйкарде фаол дар заминаи зарродхонаи ҳастаӣ ва стратегии ҳастаии Амрико ба вижа тавлид ва истиқрори силоҳҳои ҳастаии кучак гирифтааст. Амрико бар идомаи гирифтани стратегии зарбаи нахусти ҳастаӣ ба унвони як гузинаи ҳаётӣ таъкид дорад, ки ба маънои боқӣ мондани кобуси ҳамлаҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон ва таҳдиде ошкор алайҳи дигар кишварҳои ҷаҳон ба вижа қудратҳои ҳастаӣ монанди Русия ва Чин арзёбӣ мешавад. Дар айни ҳол Доктринаи нави ҳастаии Амрико заминаи қонунӣ ва назарии лозим барои тавсеаи ҳарчи бештари зарродхонаи ҳастаӣ ва тақвияти сегонаи ҳастаии Амрикро фароҳам овардааст. Ҳадафи дигари давлати Трамп раҳоӣ аз қайду банди паймонҳои контроли таслиҳоти ҳастаӣ аст, то битавонад озодона ба тавсеа ва истиқрори ин таслиҳот бипардозад. Дар ин росто Вашингтон ҳамвора Русияро ба поймолсозии тавофуқоти таслиҳоти ҳастаӣ монанди Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (INF) ва Паймони стратеги нав муттаҳам кардааст. Иддаоҳои беасоси Амрико дар воқеъ ба маънои фирор ба пеш бо муттаҳам кардани рақибони ҳастаии Амрико ба вижа Русия аст, то бадин тартиб баҳонаи лозим барои иқдомоти тавсеаталабонаи ҳастаии давлати Трамп фароҳам шавад. Бо аз миён рафтани паймонҳои муҳим контроли таслиҳотии ҷаҳон бо чашмандозе торик рубару хоҳад шуд, ки дар он қудратҳои ҳастаӣ бидуни ҳеҷ маҳдудияте ба тавсеа ва истиқрори ҳар намуд таслиҳоти ҳастаӣ хоҳанд пардохт ва оянда амнияти ҷаҳониро дар маърази мухотираи ҷиддӣ қарор хоҳанд дод.