Интиқоди вазири умури хориҷаи Русия аз сиёсати Амрико дар минтақаи Амрикои Лотин
(last modified 2020-02-06T15:13:51+00:00 )
Феврал 06, 2020 20:13 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди вазири умури хориҷаи Русия аз сиёсати Амрико дар минтақаи Амрикои Лотин

Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, Амрико ба манзури тағйири вазъияти минтақаи Амрикои Лотин сарнагунии ҳукуматҳои мухолифи сиёсатҳои худро думбол мекунад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ки сафари худ ба Амрикои Лотин ва дар мақсади аввал Кубаро оғоз кардааст, рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Принсо Лотино” Куба гуфт, Амрико дар талош аст то мудохилаи худро барои тағйири вазъияти минтақаи Амрикои Лотин ва сарнагунии ҳукуматҳои мухолиф, аз ҷумла Куба, Венесуэла ва Никарагуа бо Доктрина Монро тавҷеҳпазир ҷилва диҳад.

Доктрина Монро (Monroe Doctorine), як докторини сиёсии амрикоӣ буд, ки онро Ҷеймс Монро қарни 19 раисиҷумҳури вақти Амрико эълом кард.

Ин докторин мухолиф, истеъмор ё дахолати қудратҳои аврупоӣ дар кишварҳои тоза истиқлолёфтаи қораи Амрико буд.

Вазири хориҷаи Русия бо баёни инки Кохи Сафед, фишорҳои таҳримӣ бар кишварҳое, ки истиқлол ва ҳаққи ҳокимият ва ҳувияти миллии худро ҳифз кардаанд, афзоиш додааст, тасреҳ кард, Вашингтон дар иқдомоти худ барои аз байн бурдани иқтисоди Куба, амдан ва ба таври ҳадафманд ҳуқуқи башар ва усули қавонини байналмилалӣ, аз ҷумла Маншури СММ-ро ҳадаф қарор додааст.

Ба гуфтаи Лавров, аз ин таҳримҳо дар марҳалаи аввал шаҳрвандони оддии кубоӣ осеб мебинанд.

Вазири хориҷаи Русия, аз имрӯз панҷшанбе (6 феврал) сафар ба минтақаи Амрикои Лотинро оғоз мекунад ва пас аз Куба бо вазирони умури хориҷаи Мексика ва Венесуэла дидор хоҳад кард.