Феврал 06, 2020 20:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Пентагон дар мавриди афзоиши худкушӣ дар нирӯи ҳавоии Амрико

Вазорати дифо Амрико (Пентагон) ҳушдор дод, мизони худкушии кормандони нирӯи ҳавоии ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши шабакаи Пресс тв, дар тозатарин ҳушдорҳои Пентагон дар бораи афзоиши худкушии нирӯҳои низомии ин кишвар, мақомҳои нирӯи ҳавоии Амрико эълом карданд, мизони худкушиҳо дар ин нирӯ соли 2019 дар қиёс бо соли қабл аз он, 33 дарсад бештар шудааст.

Нирӯи ҳавоии Амрико эълом кард, 137 нафар аз кормандони фаъол, Горди миллӣ ва захираи нирӯи ҳавоӣ дар соли 2019  худкушӣ карданд.

Генерал Брайан Келли, қоиммақоми Ситоди нирӯи инсонӣ, кормандон ва хадамоти нирӯи ҳавоии Амрико дар ин бора гуфт, ёфтани роҳи ҳалҳои қобили шиносоӣ барои худкушӣ осон нест.

Пентагон, токунун гузоришҳои мутааддиде дар мавриди афзоиши худкушии низомиёни амрикоӣ, тайи солҳои ахир мунташир кардааст.

Мақомоти низомӣ дар Амрико, мушкилоти рӯҳии низомиёни бозгашта аз ҷангро омили аслии худкушӣ дар артиши ин кишвар медонанд.

 

Барчасп