Феврал 10, 2020 11:16 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус ҳар рӯз дар Чин қурбонӣ мегирад

Давлати Чин якшанбешаб эълом кард, шумори қурбониёни коронавирус дар ин кишвар ба 904 нафар расидааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, давлати Чин бо эъломи ин ки беш аз 29 ҳазор нафар дар ин кишвар то кунун ба ин вирус мубтало шудаанд эълом кард, 1795 нафар аз ин ашхос дармон ва аз бемористон мураххас шудаанд.

Мақомоти чинӣ пештар шумори қурбониёни коронавирус дар ин кишварро  800 нафар эълом карда буданд.

Коронавирус охирҳои соли гузашта дар шаҳри Вуҳан дар шарқи Чин мушоҳида шуд ва акнун илова бар 30 вилояти ин кишвар ба камаш 23 кишвари дигар ҳам сароят кардааст.

Комиссияи  беҳдошти миллӣ ва Вазорати молии Чин 60 миллиард юан (8/74 миллиард доллар) барои муқобила бо коронавирус ихтисос додааст.

Барчасп