Дархости ҷомеаи исломии Коннектикути Амрико барои эҳтиром гузоштан ба фарҳанги тамоми мардум
(last modified 2020-02-12T16:54:50+00:00 )
Феврал 12, 2020 21:54 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҷомеаи исломии Коннектикути Амрико барои эҳтиром гузоштан ба фарҳанги тамоми мардум

Ҷомеаи исломии Коннектикути Амрико хостори таътилии иди Фитр шуд.

Дар ҷаласае, ки рӯзи гузашта бо ҳузури донишомӯзон ва волидайни онҳо ва ҳамчунин ҳайати омӯзиш ва парвариши шаҳри Ҳамден дар Коннектикути Амрико баргузор шуд, мусулмонон хостори афзудани аъёди исломӣ ба тақвими мадорис шуданд.

Донишомӯзони мусулмон ва волидайнашон дар шаҳри Ҳамден, воқеъ дар иёлати Коннектикути Амрико рӯзи гузашта бо ҳайати омӯзиш ва парвариши минтақа дидоре дошта ва хостори афзуда шудани аъёди исломӣ ба тақвими мадорис шуданд.

Дар ҳоле, ки шаҳри Ҳамден ҷомеаи исломии бузурге дорад, мусулмонони ширкаткунанда дар ин ҷаласа дар ҳузури ҳайати омӯзишӣ хостори дарки аҳамияти идҳои исломӣ аз дидгоҳи мусулмонон шуданд ва иброз доштанд, ки танаввуи фарҳангӣ дар сурате имконпазир аст, ки ба фарҳангҳо ва адёни тамоми мардум эҳтиром гузошта шавад.

Як донишомӯзи мусулмон гуфт, ин ки дар воқеъ танаввуъро ҷашн бигирем, эҷоди фазои одилона барои ҳама донишомӯзони чӣ мусулмон ва чӣ яҳудӣ ва масеҳӣ аст.