Феврал 13, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли паёмҳои Қуронӣ ба шаҳрвандони амрикоӣ бо забони ҳунар

Ҳунармандони ҳиндӣ, дар Амрико бо истифода аз хушнависӣ ва нақошӣ, паёми сулҳ ва дӯстии Қуронро ба мухатабон ироа мекунад.

Ба нақл аз Икно, Салмо Арасту, ҳунарманди ҳиндитабор аз ҷумла ҳунармандоне аст,ки кушида ҳунари хушнависии исломӣ ( нақошии - хат ) ро ба забони мудерн ироа кунанд.

Вай аз падар ва модари Ҳинду ба дунё омад ; волидон Ӯро бо оғози ҷанги байни Ҳинд ва Покистон дар соли 1947 ибтидо ба Эрон муҳоҷират карданд. Салмо нахустинбор дар Эрон бо хушнависӣ ошно шуд. Хонаводаи вай сипас ба Амрико муҳоҷират кард, Ӯ пас аз издивоҷ бо як марди мусалмон ,ба ислом гаравид.

Пас аз ҳодисаи 11 сентиябр вай бо ҳадафи нишон додани зебоиҳои дини ислом, аз кори тароҳии китоб ба нақошӣ ва хушнависӣ бар рӯи бум рӯй овард. Салмо акнун аз зумраи ҳунармандоне аст,ки хушнависии исломиро ба сабки нав ироа мекунад ва мавзуъоти рӯзро вориди осори ҳунарии худ кардааст. Осори ин ҳунарманди мусалмон дар голериҳое дар Вашингтон, Сант Луис ва Пуртланд намоиш дода шудааст.

Ҳамчунин қарор аст,моҳи оянда осори вай дар  голерии    (Abrams Claghorn Gallery) дар Калифорния ҳам намоиш дода шавад.