Афзоиши шумори қурбониёни коронавирус дар Чин
Бо марги 142 нафари дигар аз мубталоён ба вируси тоҷдор омори қурбониёни ин беморӣ дар Чин ба ҳазору 665 тан афзоиш ёфт.
Ба нақл аз Рейтерз, Комиссияи тандурустии миллии Чин рӯзи якшанбе эълом кард, ки 142 нафар ба шумори қурбониёни коронавирус ва 2009 маврид ба шумори мубталоёни ин беморӣ дар Чин изофа шудааст.
Ба ин тартиб шумори қурбониёни ин беморӣ ба ҳазору 665 ва шумори мубталоён ба коронавирус дар саросари Чин ба беш аз 69 ҳазор нафар расидааст.
Шумори мубталоён ва қурбониён асосан марбут ба вилояти Ҳубеӣ аст, ки коронавирус ибтидо аз онҷо шуюъ пайдо кард.
Коронавирус то кунун таъсироти зиёнборе бар иқтисоди Чин ба вижа саноати гардишгарии он кишвар доштааст.
Хориҷ аз Чин ҳудуди 500 маврид ибтило ба коронавирус шиносоӣ шуда ва чаҳор нафар дар Жопон, Гонконг, Филиппин ва Фаронса ба далели ин бемории вирусӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи шанбе бо ибрози хурсандӣ аз талошҳои Чин барои маҳори ин беморӣ ибрози умедворӣ кард, бо идомаи ин раванд ҳарчи сареътар ин беморӣ ба таври комил маҳор шавад.
Чин беш аз ин низ таҷрибаи шуюи вируси маргбори САРСро дар соли 2003 аз сар гузаронда буд.