Марги раиси Бемористони марказии Вуҳани Чин бар асари “корона”
(last modified Tue, 18 Feb 2020 13:32:14 GMT )
Феврал 18, 2020 18:32 Asia/Dushanbe
  • Марги раиси Бемористони марказии Вуҳани Чин бар асари “корона”

Расонаҳои давлатии Чин бо ишора ба ин ки шумори мубталоён ба “корона” дар миёни коркунони бемористонҳо ва нерӯҳои хадамоти дармонӣ рӯ ба афзоиш аст, аз марги раиси Бемористони марказии шаҳри Вуҳан ба далели ибтило ба ин вирус хабар додаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Телевизиони давлатии Чин рӯзи сешанбе гузориш дод, ки раиси бемористони «Вучанг»-и шаҳри Вуҳани Чин ба далели ибтило ба вируси “корона” фавт кардааст.

Лео Жиминг, аввалин раиси як бемористон аст, ки ба хотири вируси “корона” ҷон бохтааст.

Вилояти Ҳубей ва маркази он Вуҳан конуни интишори вируси “корона” будааст ва аз замони оғози ин буҳрон то кунун сокинони ин минтақаи Чин дар карантин ба сар мебаранд. Вуруду хурӯҷ ба шаҳри Вуҳан бисёр маҳдуд аст ва ҳатто тараддуд дар сатҳи шаҳр бо худрав низ мамнӯъ эълом шудааст.

Комиссияи барномарезии хонавода ва саломати миллии Чин гуфтааст, ки шумори мавориди таъйидшудаи ибтило ба вируси “корона” дар миёни коркунони хадамоти дармонӣ ва бемористонҳо ба 1700 нафар расида ва рӯ ба афзоиш аст.

Аз замони ошкор шудани вируси “корона” то имрӯз беш аз 1800 нафар ба далели ибтило ба ин вирус қурбонӣ шудаанд.

Вируси “корона” аз тариқи танаффус ва тамос ҳам мунтақил мешавад ва ҳамин амр контроли онро душвор кардааст. Ин вирус омили як бемории хатарнок ва норасоии дастгоҳи танаффусӣ аст, ки бо густариши сареи илтиҳоб ва уфунат дар шушҳо шурӯъ мешавад ва дар идома ба далели пур шудани кисаҳои ҳавои шушҳо аз моеи миёнбофтӣ оксигени кофӣ ба фард намерасад ва беморро бо хатари марг мувоҷеҳ мекунад.