Феврал 19, 2020 13:57 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам худро пирӯзи интихоботи Афғонистон хонд

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби аслии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 28 сентябри Афғонистон, бо радди натоиҷи ниҳоии интихобот, эъломи пирӯзӣ кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҷамъи ҳаводорон ва аъзои ситодаш, рақиби худро ба тақаллуб муттаҳам кард ва гуфт, тими вай ба ҳеҷ унвон натиҷаи интихоботро қабул надорад.

Раиси тими "Субот ва ҳамгироӣ" дар интихоботи Афғонистон афзуд:

Комиссияи интихобот муртакиби ҷиноят шудааст ва мутақаллибон дар таърих рӯсиёҳ хоҳанд шуд.

Дар ҳоле, ки Комиссияи интихоботи Афғонистон дирӯз Ашраф Ғаниро барандаи интихобот эълом кард, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо эъломи пирӯзӣ дар ин интихобот гуфт, давлате ҳамашумул ташкил хоҳад дод.

 

Барчасп