Феврал 19, 2020 20:54 Asia/Dushanbe
  • Дархости Абдуллоҳ барои мамнуъулхуруҷ шудани мақомоти интихоботии Афғонистон

Абдуллоҳ хостори мамнуъулхуруҷ шудани мақомоти интихоботии Афғонистон шуд.

Як рӯз пас аз эъломи натиҷаи ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии собиқ ва номзади шикастхӯрдаи интихобот бо ирсоли номае ба Вазорати кишвари Афғонистон хостори мамнуулхуруҷ шудани руасои комиссияҳои интихобот шуд.

Ба гузориши ИРНА, Абдуллоҳ рӯзи гузашта дар як конфронси хабарӣ зимни радди дубораи натоиҷи интихобот эълом кард, ки худаш давлати фарогир ва «ҳамашумул» ташкил хоҳад дод.

Раиси дафтари раёсати иҷроии Афғонистон имрӯз - чаҳоршанбе дар номае ба Вазорати умури дохилии Афғонистон эълом кард, ба дастури Абдуллоҳ ва ба манзури иттихози тадобири эҳтиётӣ, раис ва аъзои комиссияи интихобот ва комиссияи шикоёти интихоботӣ, шомили руасои дабирхонаҳо ва муовинини онҳо то замони тасмими қатъӣ, муттаҳамони дорои салоҳият мамнуъулхуруҷ ҳастанд. Дар ин нома омадааст, хавфи фирори ин мақомот бино бар адами адои масъулияти миллии онҳо, мутасаввир аст.

Абдуллоҳ шаби гузашта, сооте пас аз он ки комиссияи мустақили интихобот Ашраф Ғаниро барандаи ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълом кард, худашро барандаи ин интихобот донист ва гуфт, давлати «ҳамашумул» ташкил хоҳад дод.

Имрӯз шуморе аз ҳаводорони дастаи интихоботии Субот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар вилояти Ҷузҷон гирдиҳам омадаанд ва дар баробари эъломи натиҷаи ниҳоии интихобот эътироз доранд. Қарор аст генерал Абдуррашид Дустум низ дар ин гирдиҳамоӣ ширкат ва суханронӣ кунад. Ӯ пештар дар мавриди эҷоди давлати мувозӣ (давлати баробар бо ҳукумати расмӣ) ҳушдор дода буд.