Июл 22, 2016 20:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопаймои нерӯи ҳавоии Ҳинд нопадид шуд

Ҳавопаймои нерӯи ҳавоии Ҳинд бо 29 сарнишин субҳи имрӯз нопадид шуд ва талошҳо барои ёфтани ин ҳавопаймо оғоз шудааст.

Як ҳавопаймои нерӯи ҳавоии Ҳинд бо 29 сарнишин нопадид шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ҳавопаймои "Эй Эн - 32", бо 29 сарнишин, аз ҷумла шаш хадамаи парвоз соати 8;20 дақиқаи субҳи имрӯз аз шаҳри Ченойи Ҳинд ба мақсади ҷазираи "Порт Блер", аз ҷазоири гардишгарӣ дар уқёнуси Ҳинд ҳаракат карда, аммо 25 дақиқа пас иртиботи ин ҳавопаймо бо марказ қатъ шудааст.

Талошҳои Нерӯи дарёӣ, Нерӯи ҳавоӣ ва Горди соҳилии Ҳинд барои ёфтани ин ҳавопаймо оғоз шудааст.

Ҳанӯз иттилое аз сарнишинони ин ҳавопаймо дар даст нест.

Барчасп