Феврал 22, 2020 15:41 Asia/Dushanbe
  • Гузориши аввалин фарди мубтало ба вируси Карона дар Фаластини ишғолӣ

Аввалин фарди мубтало ба вируси Карона дар Фаластини ишғолӣ

Ба нақл аз Форс, ин саҳюнист яке аз исроилиҳои ҳозир дар киштии тафриҳии  Доймванд принсес дар бандари Ҷопон буд, ки ахиран бо исрори муқовимати Теловев ба Фаластини ишғолӣ бозгардонда шуданд.

Тибқи эъломи Вазорати беҳдошти режими Саҳюнистӣ, ин саҳюнист дар замоне ,ки дар Ҷопон буд ба ин вируси нав мубтало шуд ва баъд аз бозгашт ба Фаластини ишғолӣ мушахас шуд ,ки олудааст.

Бар ин асос, ёздаҳ саҳюнисте ,ки аз киштии тиҷории ҷопонӣ ба Фаластини ишғолӣ бозгардонда шуданд, бархилофи ин,ки алоиме аз беморӣ надоштанд, қарор аст ба муддати ду ҳафта карантин шаванд.

Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ пештар низ гузориш дода буд ду исроилии машкук ба мубтало ба Карона дар ду нуқтаи мухталиф аз Фаластини ишғолиро карантин карданд.

Камисиюни беҳдошти миллии Чин  эълом кард  ҷонбохтани садуҳаждаҳ нафари дигар аз мубталоёни ба карона вирус то субҳи имрӯз, теъдоди кули талафоти ин вирус ба 2336 нафар расид. Ҳамчунин бо сабти ҳаштсаду ҳаштоду нуҳ мавриди нави мубтало , теъдоди кули мубталоёни ин вирус аз марзи 75000 нафар убур кард.

Барчасп