Феврал 23, 2020 11:23 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани беш аз 3 ҳазор ғайринизомии афғон дар соли 2019

Дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон- Ёнама (UNAMA) эълом кард, дар соли 2019 ҳудуди се ҳазору 403 ғайринизомӣ дар Афғонистон кушта ва шаш ҳазору 989 нафар захмӣ шудаанд.

Ба нақл аз шабакаи Тулӯъ-Ниюз, UNAMA дар охирин гузориши худ бо ибрози нигаронӣ аз идомаи даргирӣ ва хушунатҳо дар Афғонистон эълом кард, гуруҳҳои мухолифи давлат омили кушта шудани ҳазору 666 ғайринизомӣ ва ҳазору 437 нерӯи давлатӣ ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон ҳамчунон боло аст ва барои пешгирӣ аз ин раванд, поён додан ба даргирӣ ва хушунат бисёр зарурӣ аст.

Дар ҳамин ҳол эълом шуд, ки тавофуқи аввалияи ҳафтрӯза миёни Толибон ва Амрико дар мавриди коҳиши хушунатҳо дар Афғонистон аз соати 12 ҷумъашаби гузашта оғоз шудааст ва то як ҳафта идома хоҳад ёфт.

Дар ҳафтумин рӯзи ҳафтаи коҳиши хушунат, қарор аст Амрико ва Толибон тавофуқномаи поёни даргириро имзо кунанд.

 

Барчасп