Феврал 23, 2020 14:57 Asia/Dushanbe
  • Хасорати 185 миллион долларии Чин аз шуюи коронавирус

Нойибраиси собиқи Сандуқи байналмиллалии пул гуфт, коронавирус бо коҳиши ҳазинаи масрафкунандагон ва гардишгарӣ дар ду моҳи аввали сол як аз даҳ се даҳуми триллион юан (185 миллион доллар) барои Чин ҳазина доштааст.

Ба нақл аз сомонаи Савс-Чайна-Морнинг-Пост, яке аз мақомоти баландпояи собиқи Сандуқи байналмиллалии пул гуфт, шуюи коронавирус эҳтимолан 900 миллиард юан дар январ ва феврал ба саноати гардишгарӣ осеб расонда ва ҳазинаҳои масрафкунандагон барои ғизо ва нушиданиҳо ҳам 420 миллиард юан нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Жу Мин, ки байни солҳои 2011 то 2016 нойибраиси Сандуқи байналмиллалии пул буд афзуд, бо вуҷуди онки ҳазинаҳои онлайн дар хадамоти омӯзишӣ ва тафриҳӣ бахше аз ин хасоратҳоро ҷуброн карда, вале кулли осеби воридшуда ба иқтисод дар ин давра 1.38 триллион юан аст.

Вай афзуд, коҳиши масраф дар се моҳаи аввали сол метавонад рушди иқтисодии инро се то чаҳор дарсад пойин биёварад ва ҷуброни ин хасорат 10 баробар талоши бештареро металабад.

Ҳазинаи масрафкунандагон зербинои иқтисоди Чин аст ва ҳудуди 60 дарсади рушди ин кишварро дар соли гузашта ташкил дод.

 

Барчасп