Коронавирус ба Афғонистон ҳам расид
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51180-Коронавирус_ба_Афғонистон_ҳам_расид
Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон ибтилои як шаҳрванди ин кишвар ба коронавирусро таъйид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 24, 2020 13:20 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус ба Афғонистон ҳам расид

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон ибтилои як шаҳрванди ин кишвар ба коронавирусро таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Фирӯзиддин Фирӯз, вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон имрӯз(душанбе) дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, озмоишҳо нишон медиҳад, ки аз се мавриди машкук дар шаҳри Ҳирот яке аз онҳо ба бемории ношӣ аз коронавирус мубтало шудааст.

Фирӯзиддин Фирӯз ба идораи беҳдошт ва дармони Ҳирот дастур дод аз ҳамаи имконоти худ барои муқобила бо коронавирус истифода кунад.

Афғонистон 33-умин кишвари ҷаҳон аст, ки коронавирус дар он сабт шудааст.

Коронавирус, ки авохири декабри гузашта барои нахустин бор дар шаҳри шаҳри Вуҳон дар вилояти Ҳубейи Чин мушоҳида шудааст.

Беш аз 76 ҳазор нафар токунун дар ҷаҳон ба коронавирус мубтало шудаанд.