Дархост барои худдории чиниҳо аз сафар ба Амрико
Вазорати фарҳанг ва гардишгарии Чин дар иттилоияе аз шаҳрвандони ин куишвар хост, аз сафар ба Амрико худдорӣ кунанд.
Дар ин иттилоия омадааст, ки Амрико пас аз хурӯҷи коронавирус дар Чин, тадбирҳои бисёр сарсахтона ва маҳдудиятҳои зиёде барои чиниҳо эҷод кардааст.
Дар ин баёния ҳамчунин тасреҳ шудааст, ки шаҳрвандони чинӣ дар Амрико мукаррар бо табъиз рӯбарӯ мешаванд, бахусус дар заминаи дармон мушкилоти зиёде барои онҳо сурат гирифта ва ба шакли нодилона бо онҳо бархӯрд шлудааст.
Бар асоси ин гузориш, расонаҳои чинӣ пас аз интишори вируси корона дар Чин, Амрико ба баҳонаи талош барои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани ин вирус, маҳдудиятҳои зиёдеро барои вуруди чиниҳо гузоштааст.
Дархости давлати Чин аз шаҳрвандони ин кишвар барои худдорӣ аз сафар ба Амрико, рӯйкарде мутақобил дар баробари мавзеи Кохи Сафед пас аз интишори коронавирус аст.