Дархости ниҳоди британияӣ аз Созмони Миллал барои бекор кардани таҳримҳои доруии Эрон
(last modified 2020-02-29T16:03:46+00:00 )
Феврал 29, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Дархости ниҳоди британияӣ аз Созмони Миллал барои бекор кардани таҳримҳои доруии Эрон

Комиссиони ҳуқуқи башари исломии Британия, дар номае ба дабирикулли Созмони Миллали Муттаҳид, афзоиши фишорҳо ба Вашингтон барои бекор кардани таҳримҳои доруиро хостор шуд.

Ба нақл аз ИРНО, Комиссиони ҳуқуқи башари исломии Британия дар номае ба Антонио Гутерриш, дабирикулли Созмони Милалли Муттаҳид ҳушдор дод бо афзоиши шумори мавориди ибтило ба коронавирус дар Эрон ниёз ба дору, китҳои шиносоӣ ва маводи зиддиуфуникунанда зарурӣ аст, аммо ба далели таҳримҳои Амрико ба роҳатӣ дар дастрас нест.

Дар ин нома омадааст, идомаи таҳримҳо дар замони шуюи коронавирус, тавҳини ошкор ба ҳанҷорҳои инсонӣ ва таҳдиди мустақими мардуми Эрон ва минтақа ба шумор меравад.

Масъуди Шаҷара, раиси  Комиссиони ҳуқуқи башари исломии Британия  низ гуфт, акнун ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Эрон мадюн аст, то бо иҷроии фишори сареъ ба Амрико таҳримҳоро то маҳори ин вирус муъаллақ кунад.

Амрико баъд аз хуруҷи ғайриқонунӣ аз БАРҶОМ дар майи 2018 корзори бонкӣ-тиҷории ҳамаҷонибаеро барои иҷроии фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон ба роҳ андохта рӯзи ҷаҳоршанбеи гузашта эълом кард созу коре нав барои мубодилаи колоҳои кишоварзӣ ва дору бо Эрон аз тариқи Швейтсария эҷод карда, ки аз ҳамон рӯз иҷроӣ шудааст.

Саид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин бора гуфта буд, чизе ба номи канали башардӯстона ё монанди онро ба расмият намешиносем; ва таҳримҳоро ба расмият намешиносем.

Мусавӣ ҳамчунин гуфт, аслан дору ва ғизо набояд таҳрим мешуд, ки бихоҳад барои он канал ба роҳ монанд.

 

Барчасп