Март 01, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус дар Амрико; эъломи ҳолати фавқулода дар иёлати Вашингтон

Дар пайи интишори хабари қурбонӣ гирифтани коронавирус дар иёлати Вашингтони Амрико, ҳолати фавқулода дар ин иёлат эълом шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Ҷей Инзли-фармондори иёлати Вашингтон пас аз расонаӣ шудани марги як нафар дар ин иёлат ба далели ибтило ба бемории коронавирус ҳолати фавқулода эълом кард.

Нахустин марги бархоста аз коронавирус дар Амрико дар иёлати Вашингтон сабт шудааст.

Идораи тандурӯстии Вашингтон бо таъиди марг бар асари коронавирус дар ин иёлат эълом кард фарди қурбонӣ ба далели беморӣ таҳти дармон қарор дошт, аммо рӯзи шанбе фавт кард.

Мақомоти Амрико аз ироаи омори расмии ашхоси мубтало ба коронавирус дар ин кишвар худдорӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки дар таҳрими миллати Эрон аз ҳеҷ иқдоме фуругузор накардааст, муддаии омодагии Кохи Сафед барои кӯмак ба Эрон дар хусуси муқобила бо коронавирус ба шарти дархости Теҳрон шуд.

Давлати Амрико, ки баъд аз хуруҷи ғайриқонунӣ аз БАРҶОМ дар майи 2018 таҳрими бонкӣ-тиҷории густарда ва ҳамаҷонибаеро алайҳи Эрон ба иҷро гузошта, чаҳоршанбеи гузашта ҳам бо чеҳрае башардӯстона эълом кард, ки созу коре нав барои мубодилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва дору бо Эрон аз тариқи Швейтсария эҷод ва онро иҷроӣ кардааст.

Саид Аббоси Мусавӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин бора гуфт, чизе ба номи канали башардӯстона ё монанди онро ба расмият намешиносем; ҳамонтавр, ки таҳримҳоро ба расмият намешиносем.

Барчасп