Март 02, 2020 10:44 Asia/Dushanbe
  • Раванди нузулии омори мубталоён ба коронавирус дар Чин

Камиссиони тандурӯстии Чин рӯзи душанбе аз ибтилои 202 мавриди нави ибтило ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Камиссиони тандурӯстии Чин ҳамчунин эълом кард, шумори қурбониёни бархоста аз коронавирус дар ин кишвар ба ду ҳазору 912 нафар расидааст.

Ин омор нишондиҳандаи коҳиши шумори мубталоён ба коронавирус дар Чин нисбат ба рӯзи якшанбе аст.

Камиссиони тандурӯстии Чин рӯзи якшанбе аз ибтилои 573 нафар дар ин кишвар ба коронавирус хабар дода буд.

Коронавирус авохири соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубей шарқи Чин мушоҳида шуд ва акнун илова бар 30 вилояти ин кишвар ба камаш 60 кишвари дигар аз ҷумла Амрико, Англия, Австралия, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Жопон, Канада, Фаронса, Италия, Арабистон ва Иморот сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун камаш 85 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 39 ҳазор нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо тархис шудаанд. Ҳудуди ду ҳазору 900 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп