Марги дуввумин нафар бар асари ибтило ба коронавирус дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51397-Марги_дуввумин_нафар_бар_асари_ибтило_ба_коронавирус_дар_Амрико
Мақомоти иёлатӣ, аз марги дуввумин мавриди мубтало ба коронавирус дар иёлати Вашингтони Амрико хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 02, 2020 07:59 Asia/Dushanbe
  • Марги дуввумин нафар бар асари ибтило ба коронавирус дар Амрико

Мақомоти иёлатӣ, аз марги дуввумин мавриди мубтало ба коронавирус дар иёлати Вашингтони Амрико хабар доданд.

Ба нақл аз рӯзномаи амрикоии Нию-Йорк-Таймз, мақомоти иёлатӣ зимни таъиди дуввумин мавриди марги бархоста аз ибтило ба коронавирус дар шаҳри Сиэтл воқеъ дар иёлати Вашингтон эълом карданд вазъияти 5 мубталои дигар ба коронавирус, ки дар ин иёлат бастарӣ ҳастанд вахим гузориш шудааст.

Ба гуфтаи манобеи расонаии Амрико, шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 80 нафар афзоиш ёфтааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳурии Амрико бо вуҷуди  талош барои кам аҳамият ҷилва додани шуюи коронавирус рӯзи якшанбе аввали март эътироф кард, ки ин мавзӯъ ҷиддӣ аст.

Майкел Мур, мустанадсоз ва филмсози саршиноси амрикоӣ гуфт, Трамп бо интишори иттилооти гумроҳкунанда дар бораи коронавирус талош мекунад таҳдидҳои бархоста аз онро нодида бигирад ва кучак ҷилва диҳад.

Ин филмсози амрикоӣ афзуд, раисиҷумҳуре, ки воқеиятҳоро аз мардум пинҳон мекунад аз коронавивирус хатарноктар аст.