Кашфи тибби чинӣ барои муқобила бо коронавирус
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51600-Кашфи_тибби_чинӣ_барои_муқобила_бо_коронавирус
Пизишкони чинӣ иддао карданд бо баҳрагирӣ аз тибби суннатии ин кишвар доруе гиёҳӣ сохтаанд, ки нақши муҳим ва муассире дар коҳиши нишонаҳои коронавирус ва дармони ин беморӣ дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 09, 2020 08:15 Asia/Dushanbe
  • Кашфи тибби чинӣ барои муқобила бо коронавирус

Пизишкони чинӣ иддао карданд бо баҳрагирӣ аз тибби суннатии ин кишвар доруе гиёҳӣ сохтаанд, ки нақши муҳим ва муассире дар коҳиши нишонаҳои коронавирус ва дармони ин беморӣ дорад.

Ба нақл аз ИРНО, радиои байналмиллалии Чин эълом кард, То Ё Ё-мутахассиси тиб ва доруи суннатии Чин, ки ба сабаби кашфи доруе ба номи Армисинин ва дармони миллионҳо мубтало ба Малария панҷ соли пеш ғолиби Нобел шуд акнун низ муддаӣ аст, ки барои муқобила аз тиб ва доруи суннатии чинӣ истифода кардааст.

Ин дору, ки ба номи ҷӯшондаи поксозии рия ва тахлияи самҳо тавлид шуда бо чандин навъ моддаи аввалияи суннатӣ ва маъмулии тибби чинӣ сохта шудааст.

Радиои байналмиллалии Чин навиштааст тибқи гузоришҳо аз миёни 351 мубталои озмоишшуда бо ин дору, дамои бадани 112 нафар пеш аз масраф беш аз 37.3 дараҷа буд, ки ҳудуди 52 дарсади ин ашхос як рӯз пас аз масрафи дору ба ҳолати оддӣ бозгаштанд, ҳамчунин 214 мубтало низ пеш аз масрафи дору сулфа мекарданд, ки як рӯз пас аз масрафи дору сулфаи 45.7 дарсади онҳо низ аз байн рафт.

Акнун ин навъи доруи чинӣ ба таври густарда дар бемористонҳои кишвар барои дармони коронавирус истифода мешавад.

Мутахассисони Чин дар бемористони вилояти Ҳубей, ки аслитарин  маркази коронавирус аст, ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба нишонаҳои мубталоён аз ҷумла таб, сулфа,шикамдард, эҳсоси сангинии қафасаи сина, дарди азулонӣ, бехобӣ ва беқарорӣ, барои дармони онҳо аз равишҳои мухталифи тибби чинӣ аз ҷумла тибби сӯзнаӣ, ҳаракоти тай чи, масажи гуш ва ноҳияҳои атрофи он ва машқҳои танаффусӣ низ баҳра мегиранд.

Тибби чинӣ бо беш аз ҳазор сол собиқа бо Сарс ва зукоми навъи А низ нақши бисёр муҳиме ифо карааст.