Март 09, 2020 12:44 Asia/Dushanbe
  • Амрико бо офтобаи эронӣ ба ҷанги коронавирус меравад

Дар пайи шуюи коронавирус дар Амрико ва камбуди колоҳои беҳдоштӣ ҳамчун дастмоли туалет, узви андешкадаи маъруфи Шурои Атлантик, барои ҳалли мушкили назофат дар ҳоҷатхона пешниҳоди истифода аз офтобаро додааст.

Ба нақл аз Спутник, бо шуюи коронавирус дар Амрико, шаҳрвандони амрикоӣ низ ин рӯзҳо барои хариди дастмоли туалет ба фурушгоҳҳо ҳуҷум бурдаанд ва ҳарос аз коронавирус ва набуди дастмоли туалет ба мушкиле дар ин кишвар табдил шудааст.

Дар пайи ин мавзӯъ, Ҳолӣ Дограс, узви андешкадаи Шурои Атлантик, барои ҳалли ин мушкил пешниҳод додааст мардум аз офтоба истифода кунанд, ки ин пешниҳоди ӯ мавриди таваҷҷуҳи корбарони маҷозӣ қарор гирифтааст.

Ӯ бо интишори тасвире аз як офтоба навишт, агар наметавонед дастмоли туалет пайдо кунед, мушкили ҳоҷатхонаро ба сабки эронӣ ва бо офтоба ҳал кунед.

Аммо интишори имн твитт бо вокунишҳои танзгунаи корбарони эронӣ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ шудааст.

Корбарони бисёре аз унвон ва пешниҳоди чунин роҳкоре хушҳол ҳастанд ва офтобаро маҳсуле 100 дарсад эронӣ медонанд.

Ҷамъе аз ин корбарон ҳам гуфтаанд, ки ҳар гиреҳе ногушуданӣ ба дасти эрониҳо боз мешавад.

 

Барчасп