Оғози тадриҷии хурӯҷи Амрико аз Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51675-Оғози_тадриҷии_хурӯҷи_Амрико_аз_Афғонистон
Як мақоми амрикоӣ рӯзи сешанбе аз оғози хурӯҷи нерӯҳои низомии ин кишвар аз ду пойгоҳ дар вилоятҳои Ҳилманд ва Ҳироти Афғонистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 10, 2020 15:53 Asia/Dushanbe
  • Оғози тадриҷии хурӯҷи Амрико аз Афғонистон

Як мақоми амрикоӣ рӯзи сешанбе аз оғози хурӯҷи нерӯҳои низомии ин кишвар аз ду пойгоҳ дар вилоятҳои Ҳилманд ва Ҳироти Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, ин мақоми амрикоӣ, ки нахост номаш фош шавад, бо ишора ба тавофуқномае, ки дар рӯзҳои гузашта байни Вашингтон ва Толибон дар Доҳа мунъақид шуд, гуфт, нерӯҳои амрикоӣ хурӯҷ аз як пойгоҳро дар Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, дар ҷануб ва пойгоҳи дигаре дар Ҳирот оғоз кардаанд.

Ҳилманд ҳамроҳи вилояти Қандаҳор аз паноҳгоҳҳои Толибон маҳсуб мешаванд; ҷое, ки нерӯҳои амрикоӣ ва англисӣ дар он ҷо бархе аз хунинтарин даргириҳоро дар 18 соли ахир доштаанд.

Амрико эълом карда, қасд дорад, ба тӯлонитарин ҳузури худ дар ҷанги Афғонистон поён диҳад ва бар асоси тавофуқномае, ки дар рӯзҳои гузашта байни Вашингтон ва Толибон дар Доҳа мунъақид шуд, ҳама нерӯҳои хориҷӣ дар 14 моҳ аз ин кишвар хориҷ хоҳанд шуд, машрут бар ин ки Толибон ба тааҳҳудоти амниятии худ пойбанд бошад.