Март 11, 2020 15:43 Asia/Dushanbe
  • Зиёни 200 миллиарддолларии коронавирус бар иқтисоди Осиё

Зиёни ношӣ аз хурӯҷи коронавирус бар иқтисодҳои Осиё ва Уқёнусия дар соли 2020 афзун бар 200 миллиард доллар хоҳад буд.

Ба нақл аз ИРНА, бо хурӯҷи коронавирус пешбиниҳо нишон медиҳанд, ки рушди иқтисодии Чин эҳтимолан то 3 дарсад коҳиш хоҳад ёфт ва иқтисодҳои Австралия ва Ҷопон ҳам ба рукуд кашида хоҳад шуд.

Бемории коронавирус, ки нахустин бор аз Чин ба дигар кишварҳо ва манотиқ сироят кард, ҳоло ҳудуди 100 кишварро олуда кардааст ва сормоягузорон нигарони ояндаи иқтисодии кишварҳо ҳастанд ва таъсироти манфӣ бар вазъияти сармоягузорӣ ва тиҷоратро аз наздик ҳис мекунанд.

 

Барчасп