Афзоиши теъдоди мубталоён ба Карона вирус дар Арабистон ба 45 нафар
(last modified Thu, 12 Mar 2020 07:29:44 GMT )
Март 12, 2020 12:29 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди мубталоён ба Карона вирус дар Арабистон ба 45 нафар

Шумори мубталоён ба Карона дар Арабистон ба 45 нафар афзоиш ёфт.

Ба нақл аз Форс, дар баёнияи Вазорати беҳдошти Арабистон омадааст ; ду маврид аз мубталоёни тоза зан ва марди арабистонӣ ҳастанд,ки аз Ироқ бозгашта буданд ва ҳам инак дар карантина ба сар мебаранд ; мавриди севвум ҳам як кудаки 12 солаи аҳли устони Алқатиф аст,ки бобояш чанд рӯзи пеш ба ин бемори мубтало шуд.

Ба гуфтаи Вазорати беҳдошти Арабистон21 мавриди дигар аз атбоъи Миср ҳастанд,ки дар ҳоли ҳозир дар бемористони шаҳри Маккаи мукаррама дар карантина ҳастанд. Бино ба эъломи Вазорати беҳдошти Арабистон бо ин ҳисоб шумори мубталоён ба вируси карона дар Арабистон дар маҷмуъ ба 45 маврид расидааст,ки яке аз онҳо беҳбуд ёфта ва бақия дар карантина ва таҳти дармон ҳастанд.