Март 13, 2020 17:02 Asia/Dushanbe
  • Чин артиши Амрикоро ба паҳншавии вируси корона муттаҳам кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин артиши Амрикоро ба шуюъи вируси корона дар он кишвар муттаҳам кард.

Ба гузориши ИРНА, Жао Ли Ҷиан дар паёме навишт, мумкин аст артиши Амрико эпидемияи вируси коронаро ба шаҳри Вуҳони Чин оварда бошад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин хитоб ба Амрико афзуд: “Шаффоф бошед ва иттилооти худро дар ихтиёри умум қарор диҳед”.

Жао Ли Ҷиан таъкид кард, ки Вашингтон як тавзеҳ ба Пекин қарздор аст.

Вай бо суол муроҷиа кард: “Корона чӣ замоне дар Амрико шуруъ шуд? Чанд нафар олуда ҳастанд? Дар кадом бемористонҳо ҳастанд?”

Пеш аз ин низ расонаҳои Чин аз эҳтимоли даст доштани Амрико дар шуюъи вируси корона дар шаҳри Вуҳон хабар дода буданд. Бо ин ҳол, ҳамакнун сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин ба сурати расмӣ Вашингтонро ба даст доштан дар ин мавзуъ муттаҳам кард.

Вируси корона нахустин бор дар шаҳри Вуҳони Чин шиносоӣ шуд ва ин вирус акнун ба беш аз 130 кишвари дигар низ сироят кардааст.

 

 

 

Барчасп