Март 13, 2020 17:28 Asia/Dushanbe
  • Такрақамӣ шудани омори ҷонбохтагон ва мубталоёни корона дар Чин

Комиссияи миллии беҳдошти Чин эълом кард, омори ҷонбохтагон ва мубталоёни ҷадид ба вируси корона дар ин кишвар дар 24 соати гузашта якрақамӣ ё такрақамӣ шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Комиссияи миллии беҳдошти Чин рӯзи ҷумъа эълом кард, дар 24 соати гузашта дар Чин танҳо ҳафт нафар бар асари ибтило ба вируси корона ҷон бохтанд, ки шаш нафари онҳо аҳли вилояти Ҳубей, конуни аслии паҳншавии вируси корона будаанд.

Шумори мубталоёни шиносоишудаи ҷадид ҳам дар ин кишвар дар 24 соати гузашта ба 8 нафар коҳиш ёфтааст, ки панҷ нафари онҳо сокини вилояти Ҳубей будаанд.

Шумори кулли мубталоён ба вируси корона дар Чин бо ин ҳисоб ба 80 ҳазору 813 нафар ва шумори қурбониёни ин вирус ҳам ба се ҳазору 176 тан расидааст.

Комиссияи миллии беҳдошти Чин ҳамчунин эълом кард, бо дармони ҳазору 318 бемор дар 24 соати гузашта, шумори кулли беҳбудёфтагони ин кишвар ба 64 ҳазору 111 нафар расидааст.

Вируси корона (ковид 2019) нахустин бор дар шаҳри Вуҳони Чин шиносоӣ шуд ва ин вирус акнун ба беш аз 130 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор то кунун беш аз 120 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 4400 нафар ҷон бохтанд.

 

 

 

Барчасп