Март 14, 2020 14:24 Asia/Dushanbe
  • Сенатори  Амрикоӣ : Тромп эътироф кунад дар боздории  Эрон шикаст хӯрдааст

Узви аршади кумитаи равобити хориҷии маҷлиси санои Америка аз раисҷумҳури ин кишвар хост эътироф кунад талошҳояш барои эҷоди боздорандагӣ дар баробари Эрон шикаст хӯрдааст.

Бино ба гузориш Форс , як намояндаи  маҷлис санои Америка ҷумъа аз «Доналд Трамп», раисҷумҳури ин кишвар хоста эътироф кунад сиёсаташ барои эҷоди боздорандагӣ дар баробари Эрон шикаст хӯрдааст.

  «Роберт Менендес», узви  аршади  кумитаи  равобити  хориҷии  маҷлиси  санои Америка ин изҳори назарро бо таваҷҷуҳ ба кушта шудани ду неруи террористии  Америка ва як сарбози англисӣ дар ҳамла ба пойгоҳи «Ал-тоҷи» дар Ироқ матраҳ кардааст.

  Роберт Менендес бо ишора ба инки давлати Трамп ҳамла ба пойгоҳи Ал-тоҷиро ба гурӯҳҳои ҳампаймони  Эрон дар Ироқ нисбат дода дар баёниае хотирнишон кард: «давлати Тромп бо нисбат додани ҳамалоти  чаҳоршанбе ба гурӯҳҳои шабеҳнизомии таҳти  ҳимояти Эрон бояд эътироф кунад талошҳояш барои боздории  иқдомоти ситезаҷӯёнаи  Эрон ба шикаст анҷомида ва баҳои онро низомиёни Америкоиӣ бо фидо кардан ҷонашон мепардозанд.»

 Расонаҳои Ироқӣ  шаби чаҳоршанбе аз тирандозии  зиёда аз даҳ мушаки Катюша ба пойгоҳҳои низомии ИМА   дар Ал-тоҷи (шимол Бағдод) хабар доданд. Америка бо тарҳи  ин иддао, ки ин ҳамла кори катоиби Ҳизбуллоҳ вобаста ба созмон Ал-Шаҳду Шаъбии  Ироқ буда, аз кушта шудани се низомӣ ва захми шудани 12 нафар хабар дод.

 Доналд  Тромп урдибиҳиштмоҳи  соли  гузашта баъд аз поён додан ба мушорикати  Америка дар барҷом таҳримҳои муаллақшуда ба мӯҷиби ин тавофуқро алайҳи  Эрон эҳё кард. Ў илова бар ин, чандин таҳрими  ҷадид алайҳи  бахшҳои мухталифи  иқтисоди  Эрон иъмол кардааст.

Давлати  Тромп илова бар аъмоли  таҳримҳо дар ростои сиёсати мавсум ба «корзори  фишори ҳаддиаксариӣ “ ба иқдомоти  таҳрикомез алайҳи  Эрон рӯй оварда.

 Ӯ дар ҷадидтарин иқдоми  деймоҳи  соли ҷорӣ тайи як амалиёти  террористии  сардор «Қосим Сулаймони», фармондеҳ нируи қудси сипоҳи  посдорони инқилоби  исломӣ ва шуморе аз ҳамроҳони эшонро ба шаҳодат расонд.

 Тромп алорағми тамоми ин интиқодот ба далели нокоромад будани сиёсатҳояш дар қиболи Эрон ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтааст.