Март 14, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Сохти кити ташхиси 15 дақиқаии коронавирус дар Чин

Як ширкати чинӣ тавонист кити ташхиси 15 дақиқаии коронавирусро тавлид кунад.

Ба нақл аз ИРНО, ширкати чинии Корабо рӯзи шанбе эълом кард, ин кит қодир хоҳад буд дар 15 дақиқа бо зариби итминони 95 дарсад, вуҷуди коронавирус дар хуни инсонро ташхис диҳад.

Мақомоти ин ширкат мегӯянд, метавонанд то рӯзе 10 ҳазор кит тавлид кунанд.

Каммиссиони миллии тандурустии Чин рӯзи шанбе эълом кард, шумори кулли мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 80 ҳазору 824 тан ва шумори касоне, ки ба далели ибтило ба ин вирус ҷон бохтаанд низ ба се ҳазору 189 нафар расидааст.

То кунун беш аз 135 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба коронавирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди панҷ ҳазору 400 нафар ҷон бохтаанд.

 

Барчасп