Март 15, 2020 10:33 Asia/Dushanbe
  • Идомаи раванди коҳишии ибтило ба коронавирус дар Чин

Комиссиони беҳдошти миллии Чин бомдоди якшанбе бо идомаи раванди коҳишии ибтило ба коронавирус дар ин кишвар эълом кард, дар 24 соати гузашта 20 нафар ба ин вирус мубтало ва 10 тани дигар ҷон бохтанд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Комиссиони беҳдошти миллии Чин ҳамчунин эълом кард, шумори куллии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 80 ҳазору 844 нафар ва шумори қурбониёни ин вирус ҳам ба 3 ҳазору 199 тан расидааст.

Мақомоти Чин, ки пештар нисбат ба коҳиши сареъи раванди ибтило ба коронавирус дар моҳи март ибрози умедворӣ карда буданд, акнун нигарони вуруди ашхоси мубтало ба ин вирус аз кишварҳои хориҷӣ аст, зеро касбу корҳои бештаре дар ҳоли аз саргирии фаолияти худ дар ин кишвар ҳастанд.

 

Барчасп