Афзоиши шумори фавтидагон бар асари ибтило ба коронавирус дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51808-Афзоиши_шумори_фавтидагон_бар_асари_ибтило_ба_коронавирус_дар_Амрико
Оморҳои ҷадид нишон медиҳанд, ки 60 нафар дар Амрико бар асари ибтило ба коронавирус фавтидаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 15, 2020 15:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори фавтидагон бар асари ибтило ба коронавирус дар Амрико

Оморҳои ҷадид нишон медиҳанд, ки 60 нафар дар Амрико бар асари ибтило ба коронавирус фавтидаанд.

Ба гузориши шабакаи ABC News, тибқи оморҳои ҷадид, бо шиддат гирифтани нигарониҳо аз хурӯҷи коронавирус ва сирояти ин вирус ба 49 иёлати Амрико, то кунун 60 нафар бар асари ибтило ба ин вирус фавтидаанд ва 3045 нафар низ мубтало шудаанд.

Аз сӯи дигар, тасвирҳои интишорёфта аз анбӯҳи мусофирони амрикоии бозгашта аз кишварҳои аврупоӣ дар фурӯдгоҳҳои ин кишвар, бо интиқод ва эътирози густурда аз сиёсати давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар муқобила бо коронавирус ҳамроҳ шудааст.

Гуфта мешавд, бисёре аз ин афрод олуда ба коронавирус ҳастанд ва ин издиҳом омили хурӯҷи густурдаи он дар Амрико хоҳад шуд.