Март 16, 2020 11:29 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус ду ҳазор нафарро дар Аврупо ба коми марг фиристод

Оморҳо нишон медиҳад ибтило ба коронавирус то кунун муҷиби марги беш аз ду ҳазор нафар дар Аврупо шудааст.

Ба нақл аз ИРНО, манобеи тандурустии кишварҳои аврупоӣ эълом карданд, шумори ашхоси мубтало ба коронавирус дар қорраи сабз ба беш аз 47 ҳазор нафар расида  ва ин беморӣ ба марги беш аз ду ҳазор нафар дар ин кишвар мунҷар шудааст.

Бар асоси гузориши манобеи тандурустии кишварҳои аврупоӣ, 297 нафар дар Испания, 127 нафар дар Фаронса, 35 нафар дар Британия ва 20 нафар дар Нидерландия бар асари ин беморӣ фавт карданд ва шумори қурбониёни коронавирус дар Аврупо аз марзи 2000 нафар убур кардааст.

Мақомоти италияӣ низ аз марги ҳазору 809 нафар бар асари ибтило ба коронавирус хабар доданд.

Расонаҳои Русия ҳам эълом кардаанд, ки дар Маскав ҳудуди ҳазор нафар барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус карантин шудаанд.

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дастур додааст то аз имрӯз душанбе Шурои ҳамоҳангии байни дастгоҳҳо барои мубориза бо интишори коронавирус оғоз ба кор кунад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Аврупоро конуни нави коронавирус эълом кардааст.

Вируси нави корона, мавсум ба Ковид-19 авосити моҳи декабри 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин гузориш шуд ва акнун ба тамомии нуқоти дунё сироят кардааст.

 

Барчасп