Март 17, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • СММ: Афғонистон – маргбортарин кишвари ҷаҳон барои кӯдакон

Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон Афғонистонро маргбортарин кишвари ҷаҳон барои кӯдакон донист.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Вирҷиния Гамба дар баёнияе, ки рӯзи сешанбе аз тариқи расонаҳои ҷамъии Афғонистон мунташир шуд, эълом кард, ин кишвар ҳамчунон маргбортарин маҳал барои кӯдакон аст. Намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури кӯдакон ҳамчунин бар зарурати таваҷҷуҳи тарафҳои даргир дар Афғонистон бар таъмини ҳуқуқи кӯдакон дар музокироти сулҳи миёни афғонҳо таъкид кард.

Бар асоси гузориши Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон, дар соли 2019 ду ҳазору 700 кӯдак бар асари ҷанг ва инфиҷор дар ин кишвар кушта ё захмӣ шудааст. Ҳамчунин бар асоси гузориши Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, соли гузашта ба таври мутавассит рӯзона 9 кӯдак бар асари инфиҷорҳо дар Афғонистон кушта ё маълул шудааст.

 

Барчасп