Мамнӯияти муваққати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия
Маскав барои муқобила бо вируси корона вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русияро мамнӯъ кард.
Ба гузориши ИРНА, дафтари матбуотии давлати Русия дар баёнияе эълом кард, Маскав барои муқобила бо интишори вируси корона вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русияро барои 45 рӯз мутаваққиф мекунад.
Михаил Мишустин, нахуствазири Русия сарони кишварҳоро мутталеъ карда, ки барои таъмини амнияти кишвар, дифоъ аз саломатии мардум ва ҷилавгирӣ аз интишори корона, мутобиқ бо қавонини Русия ва қарордодҳои байналмилалии мавҷуд, давлати Русия тасмим гирифтааст, аз бомдоди рӯзи 18 март то аввали май вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиро ба ин кишвар маҳдуд кунад.
То кунун 93 мубтало ба вируси корона дар Русия шиносоӣ шудааст, аммо Дмитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии ин кишвар гуфтааст, ки эъломи вазъияти изтирорӣ дар Русия ба далели густариши ин вирус зарурӣ нест.