Фирори гирифтори корона аз бемористоне дар Ҳироти Афғонистон
Март 17, 2020 19:58 Asia/Dushanbe
Тамоми афроди мубтало ба вируси корона ва афроди машкук ба ибтило ба ин вирус аз бемористони маҳалли бистарии худ дар Ҳироти Афғонистон фирор карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, расонаҳои Афғонистон эълом карданд, ин афрод 48 нафар буданд.
Дар рӯзҳои гузашта ҳам шуморе аз афроди мубтало ба бемории корона аз бемористонҳо дар Афғонистон фирор карда буданд.
То кунун ибтилои даҳҳо нафар ба вируси корона дар Афғонистон таъйид шудааст.