Ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51958-Ҳамлаи_террористӣ_дар_Афғонистон
Ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон 25 кушта бар ҷой гузошт
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 20, 2020 19:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон

Ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон 25 кушта бар ҷой гузошт

Ба нақл аз ИРНА, Атоҷони Ҳақбаён, раиси Шӯрои Вилояти Зобул дар ҷануби ин кишвар гуфт, ки дар паи ҳамлаи муҳоҷимон ба як посгоҳи муштараки пулис ва артиш дар ин вилоят, 5 тан ҷон бохтанд.

Вай бо нисбат додани ин ҳамлаи террористӣ ба гурӯҳи "Толибон" гуфт, ки 8 тан аз нерӯҳои пулиси Зобул, ки ба тозагӣ ба "Толибон пайвастанд, дар ин ҳамла даст дошатанд.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои вилояти Зобул, ин даста аз нерӯҳои пулис ҷузви нуфузиҳои Толибон буданд, ки ҳамроҳ бо ҷангафзорҳояшон ба ин гурӯҳ пайвастанд.

Раҳматуллоҳ Ёрмол, фармондеҳи Зобул низ дар ин хусус гуфт, ки нуфузиҳои "Толибон" соати 3 бомдод ба вақти маҳалӣ дар ҳоле, ки ҳамкоронашон хоб буданд, ба рӯи онҳо оташ кушоданд.

Озармоҳи гузашта 7 омили нуфузии "Толибон" 25 нерӯи давлатиро дар минтақаи  Навда дар шаҳристони Қарабоғ кушта ва як тани онҳоро низ ба ғанимат гирифта ва иқдом ба фирор карда буданд.