Афғонистон бо 5600 куштаи ғайринизомӣ дар соли 1398
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51974-Афғонистон_бо_5600_куштаи_ғайринизомӣ_дар_соли_1398
Вазорати кишвари Афғонистон шумори талафоти ғайринизомиёни ин кишвар дар соли 1398 ҳиҷрии шамсиро 5600 нафар эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 22, 2020 11:56 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон бо 5600 куштаи ғайринизомӣ дар соли 1398

Вазорати кишвари Афғонистон шумори талафоти ғайринизомиёни ин кишвар дар соли 1398 ҳиҷрии шамсиро 5600 нафар эълом кард.

Вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, бештари ин талафот ношӣ аз ҳамалоти гурӯҳи "Толибон" дар Кобул, пойтахти Афғонистон будааст.

Дафтари маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ҳам дар гузорише эълом кард, гурӯҳи "Толибон" ба танҳоӣ масъули 71 дарсад аз ин ҳамалот будааст.

Дар ин гушориш омадааст, дар 10 соли гузашта, дастикам 100 000 ғайринизомӣ бар асари ҳамалоти террористӣ ва даргириҳо дар Афғонистон кушта ва захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки алорағми тавофуқномаи ба истилоҳ "сулҳ"-и Амрико ва "Толибон" дар Доҳаи Қатар, ҳанӯз ҳам оташи ҷанг дар Афғонистон доғ аст.