Маскав хурӯҷи солмандон аз хонаро мамнӯъ кард
Март 23, 2020 22:54 Asia/Dushanbe
Шаҳрдори Маскав эълом кардааст, ки барои муқобила бо хурӯҷи коронавирус, афроди болои 65 сол иҷоза надоранд аз хона хориҷ шаванд.
Ба нақл аз ИРНА, Сергей Собянин афзуд: Чунин тасмим барои коҳиши хатари ибтилои осебпазиртарин шаҳрвандони Маскав ба коронавирус гирифта шудааст.
Вай гуфт: Аз солмандон ва мубталоён ба бемориҳои заминаӣ мехоҳам аз ҳеҷ макони умумӣ боздид накунанд.
Шаҳрдори Маскав афзуд: Ба ин афрод 4000 рубл пардохт мешавад, то ҳазинаҳоеро, ки мумкин аст, дар ин муддат барои онҳо эҷод шавад, ҷуброн кунем.