Март 25, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар Афғонистон

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Афғонистон ба беш аз ҳафтод нафар расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълом кард, дар 24 соати гузашта теъдоди беморони мубтало ба КОВИД-19 бо сию ду нафар афзоиш ба ҳафтоду чаҳор нафар расид ва як нафар низ дар вилояти Балх фавт кард.  

Вазири беҳдошт ва дармони Афғонистон низ сешанбешаб дар нишасти  хабарӣ дар Кобул ҳушдор дод дар сурате, ки мардум таҷаммӯъҳои худро коҳиш надиҳанд ва масоили беҳдоштиро риоят накунанд шонздаҳ миллион афғон ба коронавирус мубтало хоҳанд шуд ва саду даҳ ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. 

Фирӯзиддин Фирӯз  гуфт қарор аст аз рӯзи чаҳоршанбе рафту омад дар шаҳри Ҳарот ба шиддат маҳдуд шавад.